4 Июл 2024 - 16:27
Тафсир - Иқдомоти зиддиинсонӣ ва ғайриқонӯнии муонидин ва зидди инқилоби хориҷ аз Эрон алайҳи раъйдиҳандагони эронӣ

Дар ҷараёни баргузории аввалин марҳала аз чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар рӯзи ҷумъа (28 июн), муонидин (душманон) ва зидди инқилоби хориҷ аз Эрон, ки баъд аз ҳаводиси соли 1401 дучори ихтилофу заволи рӯзафзӯн шудаанд, бархӯрдҳои зиддиинсонӣ бо раъйдиҳандагони эронии муқими хориҷ аз кишвар сӯрат доданд, ки бо ҳузур дар консулгариҳо ва марокизи дипломатии Эрон дар кишварҳои мухталиф қасди раъй додан дар интихоботи раёсатҷумҳуриро доштанд.

Дар воқеъ муонидину зиддиинқилоби хориҷ аз кишвар бар ин тасаввури ботил буданд, ки эрониҳо ба далоили иддаоӣ монанди норизоятӣ аз авзоъ ва низ масоиле монанди баргузории интихобот дар рӯзи ҷумъа, ки дар кишварҳои хориҷӣ таътил нест ва низ сахтӣ ва дурии роҳ аз ҳузур дар арсаи интихобот худдорӣ хоҳанд кард. Дар ҳоле, ки тасовиру клипҳои мунташир шуда дар расонаҳо ва низ фазои маҷозӣ нишондиҳандаи истиқболи чашмгири эрониёни хориҷ аз кишвар аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ будааст. Ин мушорикати пуршӯри эрониёни хориҷ аз кишвар таъкиде дубора бар ватандӯстӣ ва ишқи онҳо ба Эрон буд, ки дӯстонро шоду хурсанд ва душманони Эронро ноумед ва маъюс сохт.

Дар ин миён бархе гурӯҳакҳои зидди инқилоб ба хусӯси салтанатталабон ва низ гуруҳҳои чапу мунофиқин талош карданд то бо гирд омадан дар атрофи марокизи раъйгирии эрониҳо дар хориҷ аз кишвар, монеъ аз раъйдодани атбои эронӣ шуда ва дар айни ҳол онҳоро мавриди анвоъи озорҳои каломӣ ва физикӣ қарор диҳанд. Аносури зидди инқилоб дар атрофи амокини раъйгирӣ ба тавҳин,беҳурматӣ, фаҳҳошӣ, филмбардорӣ ва эҷоди музоҳимату озору азияти эрониён пардохтанд. Ин иқдомот сирфан нишондиҳандаи фалокату намоиши умқи ибтизоли онон буд. Зимни инки ин иқдомоти муонидону аносури зидди инқилоб ҳокӣ аз рӯҳияи диктаторӣ ва зидди демократии онҳо аст.

Ончӣ дар ин миён ҷалби таваҷҷуҳ намуд вокунишҳои начандон муассири полиси кишварҳои ғарбӣ дар муқобила бо иқдомоти зиддиинсонии муонидону зидди инқилоб алайҳи раъйдиҳандагон ба хусӯс дар Британия буд.

Дар воқеъ давлатҳои ғарбӣ, ки ҳамвора ҳомии расонаҳо ва шабакаҳои моҳвораии форсизабони зидди инқилоби мустақар дар ин кишварҳо монанд шабакаи зидди инқилоби “Iran International” ҳастанд, ки мардуми Эронро даъват ба адами ҳузур дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ карда буданд, бо навъе чароғи сабз ба аносури муонид ва зидди инқилоб фурсати озору азияти эрониёне, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар кишварҳои хориҷиро доштандро барои онҳо фароҳам карданд.

Масъалае, ки дар ин замина аҳаммият дорад, намоиши чеҳраи воқеии муонидину зидди инқилоби хориҷ аз кишвар аст, ки агарчӣ дар зоҳир ва ба забони иддаои демократӣ будан ва пойбандӣ ба демократияи ҳуқуқи башарро доранд, аммо дар амал чеҳраи воқеии худро, ки ҳамоно зиддият бо ҳуқуқи башар ба хусӯси ҳаққи раъй ва низ интихоби озодонаастро ба намоиш гузоштаанд. Аносури муонид ҳатто дар мавориде бо кашидани русарӣ аз сари заноне, ки барои рвъй додан ба марокизи интихоботӣ дар хориҷ аз кишвар омада буданд нишон додан, ки онҳо таҳаммули ҳеҷ як аз мазоҳири исломӣ, аз ҷумла ҳиҷоби исломиро низ надоранд.

Масъалаи дигар дар ин замина иқдоми суолбарангези кишварҳои ғарбии муддаии демократияи ҳуқуқи башар аст, ки борҳо бо додани иҷозаи таҷаммуъ ва тазоҳурот ба муонидин ва зидди инқилоби хориҷ аз кишвар дар амал замина ва арсаро барои иқдомоти зидди инсонии онҳо фароҳам кардаанд. Дар ҳоле, ки давлатҳои ғарбӣ комилан аз моҳияти аносури муониду зидди инқилоб ва иқдомоти ваҳшиёнаи онон бо таваҷҷуҳ ба мавориди қаблӣ монанди иқдомоти онҳо дар кишварҳои ғарбӣ дар ҷараёни иғтишошоти соли 1401 огоҳ ҳастанд. Ин дар ҳоле аст, ки таъмини амният в барқарории оромиш дар раванди баргузории интихоботи атбои дигар кишварҳо, аз ҷумлаи вазоифи аслии кишварҳои мизбон аст ва кӯтоҳии мақомот ва ниҳодҳои зирабт дар адами бархӯрди қотеъ бо муонидин ва иҳонаткунандагон ба раъйдиҳандагони эронӣ, масъалаи ҳамсӯӣ ва ҳамовоии ин кишварҳо бо омилони ин иқдомотро бавуҷуд оварда ва нишон медиҳад, ки кишварҳои ғарбӣ сирфан дар шиори мавзӯи сиёнат аз ҳуқуқи башар, аз ҷумла озодии баёну ҳимоят аз фарояндҳои демократӣ монанди раъй додан дар интихоботро маддиназар доранд.

Масъалаи охир дар ин замина, мамониати давлати Канада аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар ин кишвар ба хусӯс бо таваҷҷуҳ ба шумори болои эрониёни муқим дар ин кишвар аст, ки онҳоро аз ҳаққи мусаллами худ дар заминаи ширкат дар интихобот маҳрӯм намуд. Ин рафтори давлати Канада рафторе бесобиқа ва хориҷ аз урф дипломатия аст, ки монеъи баргузории як раванди демократии маъмул ва шинохта шуда дар ҷаҳон, яъне мушорикат дар интихобот шуд. Ин дар ҳоле аст, ки Канада ҳамвора муддаии парчамдори ҳуқуқи башар ва демократия дар ҷаҳон аст.